Activities calendar

09 декабря 2020

Семинари омӯзишӣ барои бахши роҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд «Лоиҳаи миллии идоракунии офатҳои табиӣ» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии гендерӣ ва фарогирии иҷтимоӣ ба тағирёбии иқлим ва идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» оғоз ёфт.
Тӯли ду рӯз, бист корманди КҲФ, аз ҷумлаи ҳайати

Мулоқот бо роҳбарони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ

Имрӯз, 9 декабри соли 2020, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Барномаи Умумиҷаҳонии озуқаи СММ, Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо иҷрокунандаи вазифаи сардори  Барномаи озуқавории СММ хонум Марико Кавабатта мулоқот кард. Дар вохӯрӣ инчунин Ҳамоҳангсози масоили ёриҳои башардӯстонаи

Covid-19: Гирифторон дар олам беш аз 68,5 миллион. Аввалин қурбониён аз воксани амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech 6 нафар

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус Covid-19 – ро дар олам 68 миллиону 568 ҳазору 678 нафар эълон кард. Дар як шабонарӯз теъдоди гирифторон дар олам боз 195 ҳазору 243 нафар афзудааст. Аз КОВИД-19 то кунун 1 миллиону 565 ҳазору 566 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 47 миллиону 462 ҳазору 801 нафар эълон шудааст.

“Селфиро дӯст медошт”: Модел аз зарби қувваи барқ ҳалок шуд. Ҳангоми шустушӯ дар ванна телефон аз дасташ раҳо шудааст.

Дар Архангелск сокинон бо духтари 24-солае видоъ карданд, ки аз қувваи барқ ба ҳалокат расидааст. Гуфта меҳшавад, ки ин духтар дар ваннаи манзили худ шустушӯ мекардааст ва даст чун одати ҳамеша телефон доштааст. Тасодуфан телефон, ки ба барқ пайваст буду пур мешуд, аз дасти Олеся раҳо шудааст ва расиши қувваи барқ дар як лаҳза духтарро куштааст.
Хабаргузориҳои Русия, ки ин рӯйдодро пӯшиш додаанд,

Ифшои як сироятшуда ба коронавирус сабаб шуд, ки киштии гардишии Quantum дубора ба бандари Сингапур баргардад

Киштии гардишии Quantum аз сабаби пайдо шудани як мусофири сироятшуда ба коронавирус SARS-CoV-2 ба сафар идома намедиҳад, балки ба бандари Сингапур бармегардад. Дар ин бора субҳи имрӯз ширкати Royal Caribbean, ки киштии Quantum марбути он аст, эълон кард. Хабаргузории давлатии Русия ТААС истинодан ба мақомоти расмии Сингапур хабар дод, ки дар ин киштии гардишӣ ҳудудан ду ҳазор нафар сафар доштанд ва