Activities calendar

27 декабря 2020

Ва боз дар бораи COVID-19: Оғози воксанзанӣ дар Олмон аз пиразани 101-сола. Сактаи қалбии тифли сесола аз ин беморӣ. Нигарониҳо ва тавсияҳои СҶТ. Аврупо дар гирдоби тарсу ҳарос аз гунаи нави вируси Британия

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико КОВИД-19 ба суръати хеле баланд паҳн мешавад ва ин кишвар дар сироят ба ин беморӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст.  Тибқи маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷонз Ҳопкинз, дар давраи пандемия дар кишвар бештар аз 19,5 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд. Аз ин шумор, беш аз 341 ҳазор бемор фавтиданд.

 Дар иёлоти Ню-Йорки ИМА, полис маълумотро дар бораи

Хусрав Нозирӣ. Деваштич, Баҳроми Гӯр ва Амир Ҳасанак ба ҳам чи муносибате доранд?

Ҳамаи мо бо Баҳроми Гӯр, Деваштич ва Амир Ҳасанак, ки дар таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи вежа доранд, камобеш ошноӣ дорем. Ин се шахсияти номдор дар давраҳои гуногуни таърихӣ (байни ҳар яке аз онҳо ба тартиб тақрибан 300 сол фосилаи замонӣ вуҷуд дорад) ва маконҳои мухталифи ҷуғрофӣ (Эрони Ғарбӣ, Фарорӯд ва Хуросон) зистаанд ва муҳити забониашон (порсии миёна, суғдӣ ва форсӣ) низ бо ҳам фарқ мекард.