COVID-19: Шумори гирифторон ба 80 миллион нафар наздик мешавад. Ӯзбекистон ва Ҳинд тасмим гирифтанд воксани муштарак таҳия кунанд

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар саросари ба 79 миллиону 771 ҳазору 523 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта аз сирояти боз 253 ҳазору 878 нафра хабар дода шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори фавтидагонро 1 миллиону 750 ҳазору 067 нафар эълон намуд. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун 56 миллиону 160 ҳозору 251 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Ҳоло дар беморхонаҳои олам 106 ҳазору 299 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

То ин шабу рӯз дар Тоҷикистон 13 106 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Шабонарӯзи гузашта 35 сироятшудаи нав сабт шуд, 12 578 нафар ё 95,97% гирифторон шифо ёфтаанд. 

Кишварҳое, ки сироятшудагони бештар доранд:

ИМА — 19 111 326

Ҳинд — 10 147 468  

Бразилия — 7 425 593

Русия       — 2 963 688

Фаронса — 2 527 509

Британияи Кабир — 2 188 587

Беш аз 45% ҳодисаҳои сироят ба коронавирус дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (303 220), минтақаи Аврупо (274 247), Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (36 000) ба қайд гирифта шудааст.

Кумитаи олии тандурустии Фаронса (HAS) истифодаи воксани тавлиди Pfizer-BioNTech-роо пазируфт.

Аввалин ҳодисаи сироят ба гунаи нави коронавирус, ки пештар дар Британияи Кабир паҳн шуда буд, дар Олмон ба қайд гирифта шуд. Ин вирус дар хонуме кашф шуд, ки рӯзи якшанбе аз Британияи Кабир аз тариқи ҳавопаймо ба Франкфурт фуруд омада буд.  

Гунаи нави вирус дар қаламрави Швейсария низ ошкор шудааст. Ҳамчуноне рӯзи панҷшанбе Раёсати федералии тандурустии Швейтсария хабар дод, ин ҷо сухан дар бораи ҳамон навъи дигари вирусе меравад, ки ахиран дар Британияи Кабир паҳн шуд. 

Рӯзи якшанбеи оянда дар Исроил сеюмин локдаун аз замон ҳамагирии коронавирус оғоз мешавад. Аз соати 17:00 вақти маҳалии рӯзи 27 декабр муддати ду ҳафта маҳдудиятҳои нави шадид ҷорӣ мешавад ва мақомот мегӯянд он ҳатто метавонад бештар давом кунад, то замоне, ки сироят ба ин вирус дар як рӯз то 1000 нафар коҳиш наёбад. Дар айни замон рӯзе дар Исроил то 4000 нафар мубтало ба КОВИД-19 мешаванд.

Ҳукумати Украина гуфтааст, ки муддати ду соли оянда ниме аз аҳолии кишвар зидди коронавирус эм карда мешаванд. Воксанзанӣ ихтиёрӣ сурат мегирад. 

Дар Австрия беш аз 400 пойгоҳи лижаронӣ танҳо барои як рӯз – 24 декабр боз шуд. Сар аз рӯзи оянда дар ин кишвар ҳам сеюмин локдаун оғоз мешавад

Мутатсияи нави коронавирус, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ кашф шуда ва 501.V2 номгузорӣ шудааст, қодир аст ҷойҳои осебпазири бадани инсонро сироят кунад ва ин худ аз хатарноктар будани ин навъи вирус гувоҳӣ медиҳад.  

Дар як шабонарӯз дар қаламрави Русия 29 935 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст. Дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар бар асари коронавирус 635 нафар фавтидаанд. Мақомот гуфтаанд, ки зарфи се шабонарӯз аст, ки шумори фавтидагон аз 600 зиёд шудааст.

Қазоқистон аз сирояти боз 754 нафар ба коронавирус хабар дод. То кунун дар саросари ин кишвар 149 462 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд. 

Шумори сироятшудагон дар Ӯзбекистон ба 76 456 (+141) расидааст. Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз муолиҷаи 73 746 (+157) нафар хабар дод ва гуфт, ки 97% гирифторон табобат шудаанд.

Санҷиши воксани чинӣ аз COVID дар Ӯзекистон соли 2022 ба охир мерасад. Ба санҷиш 5 ҳазор нафар ихтиёриён ҷалб карда хоҳанд шуд. Ҳамзамон бо ин хабар дода мешавад, ки Ӯзбекистон ва Ҳинд қасд доранд воксани муштарак бар зидди  COVID-19 таҳия кунанд.