COVID-19: Шумори гирифторон дар олам беш аз 82 миллион эълон шуд. Дар Қазоқистон беш аз ҳар вақти дигар мактабиён сироят мешаванд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сирояти 82 миллиону 327 ҳазору 231 нафар дар олам хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки танҳо шабонарӯзи гузашта ба ҷамъи мубталоён боз 217 254 нафар пайвастаанд.  То кунун бар асари КОВИД-19 1 миллиону 796 ҳазору 543 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 58 миллиону 338 ҳазору 453 нафар муолиҷа шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори гирифторон ба вируси коронаро дар кишвар 13 ҳазору 265 нафар эълон кард. Бино ба гузориши ин манбаъ то кунун аз ин беморӣ 12 ҳазору 763 нафар ё худ 96,22% шифо ёфтаанд. Аз оғози ҳамагирӣ то кунун 90 тан аз коронавирус ҷон бохтанд.   

Гунаи нави вируси SARS-CoV-2 дар ИМА низ ба қайд гирифта шуд. Аввалин нафари сироятшуда ба ин навъи вирус дар иёлоти Колорадо сабт шудааст. Сухан аз мутатсияи зарароваре меравад, ки чанде пештар Британияи Кабир аз вуҷуди он бонги изтироб зада буд.

Дар чор минтақаи Канада низ штамми британиёии КОВИД-19 ошкор шудааст.

Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 51,3 нафар гирифторони нав сабт шудаанд, ки ин аз замони оғози ҳамагирӣ баландтарин нишондиҳанда аст. Ба ҳукумати Британия лозим меояд дар аввалин моҳҳои соли нав маҳдудиятҳои шадидтар ҷорӣ кунад.

Дар Олмон аз замони ҳам агирӣ бори аввал овори такондиҳандаи марги шабонарӯзӣ бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Мақмоти ин кишвар иттило доданд, ки зарфи 24 соати гузашта дар Олмон аз КОВИД-19 1 051 нафар фавтидаанд. Аз ин пештар рӯзи 22 декабр аз марги 940 шаҳрванди Олмон дар шабонарӯз хабар дода мешуд. 

Фаронса шабонарӯзи гузашта 11 395 сироятшудаи навро сабт кард ва то кунун дар ин кишвар 2 миллиону 574 нафар мубтало ба  SARS-CoV-2 шуданд.  

Ҳукумати Латвия тасмим гирифт шаби Соли нав аз соати 22:00 то 05:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ кунад. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳамаи сокинони ин кишвар бояд аз 30 декабр то 4 январ ва рӯзҳои 8-9 январ аз соати 22:00 то 5:00 дар хонаҳои худ бимонанд. 

Дар Украина воксани тавлиди Русияро силоҳи гибридӣ номиданд.  

Чанд сироятшудаи нав ба штамми нави корнавирус дар қаламрави Иморати Муттаҳидаи Араб низ ошкор шудааст. Гуфта мешавад, ки ин афрод асосан аз хориҷ ворид шудаанд.

Талаби гузаштан аз тести коронавирус барои ҳамаи касоне, ки ба Туркия меоянд, ҳатмӣ шуд. Ин қарор то 1 марти соли 2021 идома мекунад. Он ба кулли мусофирони воридшуда аз тариҷи ҳавопаймоҳо ва воридшудагон аз ҳар роҳи дигар дахл дорад. 

Рӯзи сешанба дар Эрон воксанзании ихтиёриён ба воксани тавлиди худи ин кишвар оғоз шуд. 

Дар Аргентина воксанзании сокинон бо воксани русии  "Спутник V" низ рӯзи сешанба оғоз гардид. 

Табибони Чили аз сабти як ҳодисаи сироят ба штамми нави коронавирус, ки ахиран дар Британияи Кабир паҳн шудааст, хабар доданд.

Дар 85 минтақаи Русия шабонарӯзи гузашта 27 002 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд. 14,5 дарсади беморон аломатҳои ин бемориро надоштанд. Аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 562 нафар фавтиданд. Суръати афзоиши мубталоён то 0,9 коҳиш ёфтааст. Сарвари Роспотребнадзор Анна Попова гуфт, ки вазъи дар сирояти коронавирус дар Русия ба эътидол меояд.

Дар Қазқистон шабонарӯзи гузашта 739 нафар ба КОВИД-19 сироят шуданд. Дар ин кишвар сироят миёни мактаббачаҳо бештар мешавад. Дар айни замон бештар аз 5 ҳазор нафар табобат мегиранд.  

То 54% коҳиш ёфтани даромади хонаводаҳо бар асари коронавирус дар Қирғизистон эълон шудааст. Фоида аз фаъолиятҳои корӣ 37% ва аз фурӯши маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасон 16% кам шудааст. Ҳамчунин интиқоли пули муҳоҷирони кории он аз хориҷ низ 16% коҳиш ёфтааст. То кунун дар Қирғизистон 80 654 ҳодисаи сироят ба  Covid-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар Ӯзбекистон шумори мубталоён ба коронавирус ба  76 907 (+75) расидааст.