COVID-19: Шумори гирифторон аз марзи 83,1 миллион ҳам гузашт. Аввалин м арг бар асари коронавирус дар Муғулистон ба қайд гирифта шуд

Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гитрифторон ба вируси корона дар олам ба  83 миллиону 102 ҳазору 166 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар саросари ҷаҳон боз 259 848 нафар чун сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шудаанд. То кунун аз ин вирус 58 миллиону 308 ҳазору 423 нафар муолиҷа шудаанд ва шумори қурбониёни он ба 1 миллиону 812 ҳазору 671 нафар расидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар боз 32 нафар ба коронавирус гиифтор шудаанд. Шумори умумии мубталоён ба 13 296 нафар расид. 12 799 нафар шифо ёфтаву 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд. Тоҷикистон дар шохиси кишварҳои дорои мубталоён ба коронавирус дар ҷойи 119 мебошад.

Дар Англия ноҳияҳои нав ба нав ба гирдоби таҳдидҳои нави эпидемиологӣ мепечанд. Боз 20 миллион сокинони минтақаҳои мухталифи ин кишвар ба карантини шадид фаро гирифта хоҳанд шуд. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 50 ҳазор мубталои нав сабт шуд, аз ин беморӣ 981 нафар ҷон бохтанд, ки назар ба як рӯзи қабл бештар аст.

Дар Фаронса аз замони оғози ҳамагӣрӣ аз коронавирус 64 381 нафар фавтиданд. Омори ахир ҳикоят аз он дорад, ки шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 25 457 нафар чун мубталои нав ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуданд.

47% шаҳрвандони Италия омодаанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳолатҳои шадиди вайрон кардани маҳдудиятҳои зидди коронавирус дар рӯзҳои таътилоти Соли нав гузориш диҳанд. Дар ин бора як таҳқиқоти аз ҷониби Ixe гузаронидашуда ҳикоят мекунад. Сухан пеш аз ҳама дар бораи  қонуншиканиҳое, ба мисли даъвати аз ҳад зиёди меҳмонон, издиҳоми зиёд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷашнҳои пусарусадову пурғавғо меравад.

Дар Шветсия дар як шабонарӯз аз COVID-19 243 нафар фавтидаанд.

Хабари марги як нафар баъди эм шудан ба воксани Pfizer/BioNTech аз коронавирус дар Швейтсария дар шабакаи иҷтимоии  Facebook мавриди баҳсҳои тезутунд қарор гирифт.

Изҳороти Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар бораи он ки Киев аз воксани Русия алайҳи COVID-19 даст кашид, зеро ин дору гӯё силоҳи гибридии Федератсияи Русия алайҳи кишвараш мебошад, боиси хашму ғазаби Интернет шуд.

Муҳаққиқони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин муайян карданд, ки тақрибан 5% сокинони шаҳри Вуҳон эҳтимолан мубталои Covid-19 бошанд. Аҳолии Вуҳон 11 миллион нафарро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, тибқи ин гузориш, тақрибан 500 ҳазор нафар гирифтори коронавирус мебошанд.

Дар Туркия сайёҳони хориҷӣ дар арафаи Соли нав наметавонанд дар марказҳои шаҳр гаштугузор кунанд. Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳамин фармонро ахиран ба мақомоти вилоятҳо фиристодааст. Таҷлили Соли нав дар кӯчаҳо аз соати 21:00 -и 31 декабр то соати 10:00 -и 1 январ барои хориҷиён ва сокинони маҳаллӣ манъ аст.

Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар воксанзанӣ бар зидди коронавирус ширкат кард. Дар ин бора вай дар саҳифаи худ дар Instagram навишт.

Дар қаламрави Муғулистон аввалин марг ба асари КОВИД-19 аз замони пайдоишу ҳамагирии ин вирус ба қайд гирифта шудааст.

Зарфи шабонарӯзи гузашта дар кулли 85 минтақаи Русия 26 513 нафар чун гирифторони нав ба коронавирус сабт шуданд. Дар 15 дарсади нав сироятшудагон аломати беморӣ дида намешавад. Дар 24 соат аз ин беморӣ 599 нафар фавтиданд ва беш аз 29 ҳазор нафар шифо ёфтанд.  Шумори бештари нав сироятшудагон дар шаҳрҳои Москав (5105, зиёда аз 500 нафар камтар аз дирӯз), Санкт-Петербург (3764), Подмосковйе (1608), вилоятҳои  Нижегород (503), Свердлов (406), Псков (395), Ростов (385) ва  Воронеж (381) ба қайд гирифта шуданд. Камтарин шумори мубталоён дар вилояти мухтори Яҳудӣ (19 нафар), Чукотка (3 нафар) ва округи мухтори Ненетс (ду нафар) сабт шуданд. 

Дар Қазоқистон дар шабонарӯзи гузашта боз 726 нафар гирифтори нав ба КОВИД-19 ошкор шуд.

  • корхонаи тавлиди воксани русии зидди коронавирус бунёд мекунад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе вазири тандурустии ин кишвар Аламқодир Бейшеналиев дар радиои Sputnik  хабар дод. Шабонарӯзи гузашта 189 тани дигар дар Қирғизистон чун мубталои нав сабт шуда, шумори умумии гирифторон ба КОВИД-19 ба 80 843 нафар расид. 

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 76 985 (+78) расидааст. Шабонарӯзи гузашта дар вилояти Ҷиззах – 1, ҷумҳурии Қароқалпоқистон  - 2, вилояти Қашқадарё ва Андиҷон чорнафарӣ, вилояти Тошканд 7, шаҳри Тошканд 57 нафар шахсони мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Аз оғоз то кунун дар ин кишвари ҳамсоя 614 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.