Дар Ҳисор амал ҳангоми заминларзаро тамрин карданд (ВИДЕО)

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Ҳисор машқҳои мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарӣ, комиссия, қувва ва воситаҳои ҳудудии зерсистемаи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳо оид ба рафъи оқибатҳои заминларзаи 7 бала” баргузор шуд.

Машқҳои маҷмуъӣ дар се марҳила таҳти роҳбарии сардори Раёсати мудофиаи гражданӣ-раиси шаҳри Ҳисор бо иштироки бевоситаи афсарони масъули КҲФ, намояндагони комиссияи шаҳрӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, сардорони сохторҳои қудратии шаҳр, раисони ҷамоатҳо баргузор гардиданд.  

 Дар рафти тамринот дараҷаи омодагии аҳолии деҳаи Хирманаки ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор барои муҳофизат аз сел, ярч, заминларза ва омодагии неру ва воситаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар сурати ба амал омадани вазъияти фавкулодда арзёбӣ гардид.