2-уми сентябри соли равон, соати 10:20 дақиқа як сокини 26-солаи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сир афкандааст.
Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании нгазди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Онҳо ин духтари 26-соларо дар ҳоли ғарқ шудан аз марг наҷот доданд.
Ҳоло ӯ ба бемористони марказии шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта, вазъи саломатиаш хуб гузориш шудааст.
Сабаби қасди худкушӣ маълум нест.
Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иллатҳои даст ба ин иқдом задани ҷавондухтарро тафтиш мекунанд.