КҲФ: Ҳамкориҳои Кумита дар доираи шарикони рушд

Санаи 3 сентябри соли 2025 ба  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои рушд аз ҷониби Ҷумҳурии Белоруссия кӯмаки ниёзи аввалия  расонида шуд. 

Дар чорабинии мазкур  муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Латифзода Ҳотамшоҳ ва сафири Ҷумҳурии Белорусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Динисенко Виктория Алексеевич иштирок намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуданд.

барчасп: