КҲФ: генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои СААД ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд.

Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолатҳои фавқулода, санаи 4 сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори он баромади Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар назар аст.

барчасп: