Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади як шаҳрвандро аз об бароварданд
Шоми 3 сентябри соли 2025 тахминан соати 18:50 дақиқа гурӯҳи наҷотбахшони Раёсати хадамоти таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади шаҳрванди ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳудуди ноҳия ғарқ шуда буд, аз об бароварданд.
Гурӯҳи ғаввосони раёсати мазкур ҷасади шаҳрвандро аз мавзеи хавфнок берун бароварда, ба сохторҳои дахлдор супориданд.