Дар идомаи сафар миёни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия мулоқоти дуҷониба доир гардид.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар намуда, ба масоили такмили донишу малакаи касбии кормандони соҳаи наҷотдиҳӣ диққати ҳамаҷониба зоҳир намуд.