Санаи 5 сентябри соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои асосии Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, маросими кушодашавии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагони сохторҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ доир гардид.
Мусобиқа аз 5 то 10 сентябри соли 2025 миёни сохторҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи наҷотдиҳандагон, воқеъ дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав баргузор мешавад.
Аз ҷараёни унсурҳои мусобиқаи мазкур хабару гузоришҳо пайваста пешниҳод карда мешаванд.