Расул Маҷидзода: Истиқлоли давлатӣ –волотарин дастоварди миллати тоҷик

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаи кӯшишу талошҳои тулонии халқи тоҷик дар шебу фарози таърихи миллат мебошад. Фикри соҳибистиқлол шудан ва саъйи расидан ба давлатлории миллӣ дар зеҳни миллати тоҷик садсолаҳо нуҳуфта буд.

Истифодаи неруву имкониятҳои умумӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо, тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи Истиқлоли комил ба вуҷуд меояд. Барои амалисозии он, қабл аз ҳама, Ваҳдати миллӣ шарт ва зарур аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд «Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахти ва саодати бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият сулҳу субот, ормиву осиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон-Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад»

Поягузори Истиқлоли миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо сиёсати хирадмандона ва ақлу заковати тоҷикона мардумро ба Ваҳдати куллӣ расонид ва боиси хушнудии мардум шуда, кишварро ба пешравиҳои назаррас ноил гардонид.

Бояд тазаккур дод, ки як нафар метавонад Давлат, Миллат, ҳудуд низоми сиёсии пойдор бисозад ва мо онро дар мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос дарк кардаву дида метавонем. Масалан, дар замони муқовиматҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин шахсияти таърихӣ тавонистаанд, давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳанд. Яъне гуфтан лозим аст, ки тавонистанд, як давлат, як миллат, ҳудуд ва низоми сиёсии сартосариро ташаккул диҳанд ва Истиқлоли комилро таъмин намоянд.

Тавре таъкид намудем, воқеаи Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлол ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилят ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо ишкишоф диҳанд. Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузоранд.

Дарвони истиқлол имкони воқеӣ фароҳам овард, то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян гардад. Истиқлол рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ азму талошҳои фидокорона баҳри расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида дар як вақт, ҳаёти озодонаи сокинон ва бахту саодати ҳақиқии миллатро таҳким мебахшад

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлол кӯшиш намудааст, то дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин барои таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар шароити хуб муҳайё созад. Муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлол ба даст омадаанд, инҳо давлатдории миллӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, Истиқлоли давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, сиёсати хориҷии кишвар, рушди маориф ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд.

Истиқлоли кишвар барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ - баромдан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида шуда, муҳайё намудани заминаҳои воқеии рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани иқтисодиёт низ муҳим шуморида мешавад.

Воқеан Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамини бумиву аҷдодӣ ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамолики ҷаҳон аст. Истиқлол армони ҳазорсолаи тоҷик буд, ки баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал  пӯшид ва имрӯз давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфӯз аст, ки кулли мамолики дунё онро эътироф намудаву робитаҳои хуби иқтисодиву тиҷоратӣ доранд. Истиқлол ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги воло мебошад.

 

Расул Маҷидзода, номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои  Академияи милии илмҳои Тоҷикистон.

 

Аз китоби “Истиқлол-омили рушди устувор”, Душанбе, 2024.

 

барчасп: