Наҷоти як гардишгари хориҷӣ дар кӯҳҳои душворгузари шаҳри Панҷакент

Бино ба гузориши Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент, як шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми саёҳат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаи Ворӯ, аз кӯҳ лағжида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Баъди дарёфти хабар, гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд дар водии Зарафшон, Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ ва Сардори шӯъба ва афсари калони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент ба самти ҷамоати деҳоти Ворӯ сафарбар шуданд.

Наҷотдиҳандагон пас аз тай кардани роҳҳои душворгузари ағбаи Чимтарға, шахси маҷрӯҳро тибқи координатаҳои ҳамсафарон муайян ва пайдо карданд.

Ҷабрдида як сокини 44-солаи шаҳри Екатиренбурги Федератсияи Русия буда, ҳангоми лағжиш аз баландӣ пойашро шикастааст. Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд.

Сипас, санаи 10 сентябри соли 2025, ҷабрдидаро бо истифода аз замбари махсуси тиббӣ ва аз роҳҳои душворгузар, ки ҳаракат дар онҳо мушкил аст, ба деҳаи Ворӯ интиқол дода, баъдан дар беморхонаи шаҳри Панҷекент бистарӣ карда шуд. Дар айни замон саломатии шаҳрванд таҳти назорати табибон қарор дорад.

Амалиёти мазкур боз як бор собит сохт, ки наҷотдиҳандагон дар ҳама гуна шароити душвор бо масъулияти баланд омодаанд ҷони инсонро ҳифз намуда, чораҳои фаврӣ ва заруриро амалӣ намоянд.

Огоҳӣ ба ҳамаи сайёҳон, ки мехоҳанд дар кӯҳҳои минтақаи Зарафшон гардишгарикунанд:

  • Аввалан ҳангоми кӯҳбароӣ ва гардиш дар водӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунед.
  • Ҳамеша бо худ таҷҳизоти кумакрасон дошта бошед, то дар ҳолати пеш омадани ин ё он ҳодиса аз он истифода намоед.
  • Пеш аз оғози сафар ба кӯҳ, хатсайри худро бо мақомоти марбута ҳамоҳанг созед.
  • Дар ҳолати рух додани ин ё он ҳодисаи нохуш, ҳатман бо телефонҳои:
    • +992 93 880 28 74
    • +992 92 979 06 07

Дар тамос шавед.

барчасп: