Ҳалокати 5 узви як оила дар садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Ин ҳодисаи мудҳиш дирӯз рӯх дод. Панҷ узви як оила, ки ба Душанбе сафар доштанд, бар асари бархӯрди мошинашон ба як мошини боркаши “Дулан” ҷони худро аз даст доданд. Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистион 20-уми сентябри  соли 2025,  соати 11:30 дақиқа дар километри 174-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди  ноҳияи Шаҳристон, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифташуд. 

Автомашинаи сабукрави электромобил рақамиқайди давлатиаш 18-44 WA02, ки ба ронанда Муродов Амирбек Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳриИстаравшан  таалуқ дошт,  бо ҳамроҳии 4 нафар аъзои хонаводааш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳриДушанбе  ба самти шаҳри Хуҷанд дар роҳ боавтомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” рақамиқайди давлатиаш 20-20 РВ07,  ки ба ронанда Азамов Ҷамолиддин таълуқ дошт, бархӯрд.

Дар баробари бархӯрди шадиди ду мошин дар ҷойи ҳодиса таркиш шунида шуд. Ронанда ва ҳамсафаронаш дар макони ҳодиса ҷони худро аз даст доданд. 

Ҳалокшудагони ин садама, ронанда ва падари хонавода 45-сола, модари хонадон 41-сола, ду духтар, ки яке 10 ва дуюмӣ 9 сол дошт ва писари панҷсола мебошанд. 

Ронандаи 24-солаи мошини “Дулан” - истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан деҳаиКуйбеш бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонимарказии ноҳияи Шаҳристон интиқол дода шудаст. 

Сабаби ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқ нест, вале ба эҳтимоли зиёд метавонад суръати баланди ҳаракати мошинҳо бошад, ки ронандагон вақти рӯ ба рӯ омаданд аз уҳдаи идораи он набаромадаанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба бозмондагони ҳалокшудагон як бори дигар ба ронандагон муроҷиат менамояд, ки ҳангоми сафари роҳи дур ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ қоидаҳои бехтарӣ ва амниятро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: