20-уми сентябри соли 2025, соати 06:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи сабукрави тамғаи “Korando” рақами қайди давлатиаш 09-70 ОЗ 02TJ, ки ба ронанда Ниёзов Мирзораҷаб Рафиевич, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи деҳаи Ронҷ ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ тааллуқ дошт, бо ҳамроҳии 5 нафар мусофираш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Деваштич ба самти ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада аз роҳ берун шуда, ба садама дучор омадааст.
Дар ин ҳодиса як хонуми 40-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба ҳалокат расида, ронанда ва 4 ҳамсафари дигари ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Сабаби садама тафтиш мешавад.