КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ

23 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо гурӯҳи миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот мутахассисони калони идоракунии хатари офатҳои табиӣ – Аҳсан Теҳсин ва Толкун Ҷуқушаева, мутахассиси калони идоракунии захираҳои табиӣ – Амос Абу, мутахассис оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ – Фаридун Сангинов, мушовири калони ҳуқуқӣ – Хю Ҷозеф Мак Грегор иштирок намуданд.

Дар мулоқоти мазкур Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, дар вохӯрӣ масъалаҳои миссияи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

 

барчасп: