КҲФ: Хабари фаврӣ Наҷотдиҳандагон боз як шаҳрвандро аз марг наҷот доданд

Вилояти Суғд Ноҳияи Айнӣ (садамаи нақлиётӣ)

Санаи 24 сентябри соли 2025, соати 00:20 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, деҳаи Сангистон мавзеи Лангар садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 917АЕ07, ки ба ронанда Ғафуров Зафар соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор таълуқ дошт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, аз канори роҳ берун баромада, ба садама дучор гардидааст.

Ҳангоми гирифтани хабар наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшони ноҳияи Айнӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ба воситаи асбобҳои махсуси буранда ронандаро аз дохили автомашина зинда бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд.