КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 29  сентябри соли 2025, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Валид бин Абдурраҳмон Ар-Решайдон баргузор гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби Кумита , Насриддин Саидиён – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок намуд. Аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бошад, Муҳаммад Носир – намояндаи Сафорат ва Асоев Саидҷаъфар – тарҷумон ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо масъалаи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҳадафи асосӣ аз ин ташаббус таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, ҳамоҳангсозии фаъолият ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба таҳкими амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад намуд.

барчасп: