Коронавирус: Мубаталоён дар олам аз 36 миллиону 754 ҳазор гузашт. Дар Қирғизистон 245 ва дар Тоҷикистон 42 сироятшудаи нав сабт шуд

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз, ҷумъа, 9 октябр 36 миллиону 754 ҳазору 006 нафар эълон шуд.  Шабонарӯзи сипаришуда шумори сироятёфтагон дар олам боз 93 ҳазору 182 нафар афзуд.  Дар сабти мубталоёни нав кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар ҷойи аввал ва Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи дуюм ва сеюм мебошанд. Зарфи як шабонарӯз дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ  2 785 нафар фавтидаанд, дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 1 158 ва дар мамолики Аврупо 944 нафар ҷон бохтаанд.

Ҳукумати Канада тасмим гирифт вақте воксани зидди коронавирус  омода мешавад, кулли сокинони кишварро ройгон бо он таъмин кунад. 

Дар пойтахти Олмон шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар як ҳафта ба ҳар 100 ҳазор нафар ба 50 нафар расид. 

Дар Италия шабонарӯзи гузашта 4 ҳазору 458 нафар ба КОВИД-19 сироят шуданд, ки ин назар ба рӯзҳои пеш ҳудудан 1 ҳазор нафар зиёд мебошад. 

Норвегия рафтуомади сокинон ва хориҷиёнро дар марзҳояш бо Қибрис (Кипр), Латвия, Лихтенштейн, ҳамчунин бо ноҳияҳои ҷудогонаи Шветсия ва Финландлия маҳдуд мекунад ва сабаби ин авҷи сирояти коронавирус дар ин кишварҳо гуфта шудааст.

Дар Ҷумҳурии Чех дар пасманзараи авҷи сирояти коронавирус тасмим гирифтанд ҳамаи иншоотҳои варзишӣ ва фарҳангиро бубанданд. 

Низоми нави маҳдудятҳо дар пойтахти Белгия: ҳамаи барҳо ва майхонаҳо муддати як моҳ баста шуданд.

Сарвазири Лаҳистон Матеуш Мораветский эълон кард, ки аз рӯзи шанбе дар саросари кишвар низоми риояи бечунучарои доштани ниқоби тиббӣ ҷорӣ хоҳад шуд. 

Вазорати тандурустии Русия тавсия медиҳад, ки аз рафтан ба меҳмонӣ ва ҳузур дар ҷойҳои пурҷамъият худдорӣ кунанд. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 11 493 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва аз ин вирус 19 нафар ҷон бохтанд.  

Ҳукуматдорони Исроил хабар доданд, ки маҳдудиятҳои эълоншуда дар миёнаи моҳи сентябр натиҷаҳои худро дод ва хуруҷи бемории коронавирус суст шуд.

Украина расман эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта 5 397 нафар сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 245 ҳодисаи нави сироят сабт шудааст, ки 10 нафари онҳо кормандони тиб мебошанд. Дар пойтахти кишвар шаҳри Бишкек - 77, вилояти Ош - 62 ва дар Ҷалолобод - 44 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст.