Covid-19: Сирояти беш аз 2,4 миллион нафар дар олам. Дар Қазоқистон 221 кӯдак мубтало ба коронавирус шудаанд. Бонги изтироб аз эҳтимолияти сироятёбии Попи Рум

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то кунун дар саросари олам 42 миллиону 499 ҳазору 679 нафар ба вируси  Covid-19 сироят шудаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин вирус боз 130 ҳазору 989 нафар мубтало гардиданд.  Аз оғози пандемия дар олам аз коронавируси нав 1 миллиону 149 ҳазору 383 нафар фавтидаанд. Ин манбаъ ҳамчунин аз пурра муолиҷа шудани 31 миллиону 430 ҳазору 288 нафар хабар дод.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар кишвар ба 10695 расида ва шабонарӯзи гузашта 42 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст. Вазорати тандурустӣ аз фавти 81 нафар ва муолиҷа шудани 9782 (91,4%) тан аз коронавируз КОВИД-19 хабар дод.

Аз замони оғози ҳамагирии коронавирус болотарин шумори фавтидагон дар ИМА (229 ҳазору 284 нафар), Бразилия (беш аз 156 ҳазор), Ҳинд (ҳудудан 118 ҳазор), Мексика (88312) ва Британияи Кабир (наздик ба 45 ҳазор) буд. Русия дар маргумир аз коронавирус дар миёни кишварҳои олам дар ҷои 13-ум (беш аз 25 ҳазор) аст.

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши ғайриинтизори мубталоён ба COVID-19 дар олам хабар дод. Соҳибмақоми Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки вақтҳои наздик кишварҳои зиёде дучори мушкилот бо коронавирус хоҳанд шуд. 

Телевизиони Кореяи Халқӣ-демократӣ рӯзи чоршанбе машварат дод, ки сокинон камтар ба кӯча бароянд, чун шамол чанги зардро аз Чини ҳамсоя меорад ва ҳукуматдорон мегӯянд он метавонад олудаи вирус бошад. 

Туркманистон ҳам ахиран доштани ниқобро ба “чанги сирояткунанда” алоқаманд донист. 

Тибқи иттилои Маркази назорати бемориҳои ИМА, коронавирус метавонад дар ҳаво якчанд соат боқӣ монад. Аммо, онҳо мегӯянд ҳолатҳои сироятёбӣ бидуни тамос бо одамон хеле кам ба назар мерасанд, алахусус дар ҳавои кушод.

Як роҳи аслии сироят ба Ковид-19 тамос бо шахси сироятёфта мебошад, ки ҳангоми сӯҳбат, атса задан ва сулфа қатраҳои хурди оби даҳонашро, ки дар чашм ноаён ба атроф паҳн мешаванд, паҳн мекунад.

Саломатии Попи Рум Франсис ба далели дидораш бо сафири Ватикан дар Австралия, усқуфи аъзам Адолфо Тито Илянойко, ки баъдан дар ӯ коронавируси навъи навро ошкор карданд, метавонад зери хатар бошад. 

Вазъ бо коронавирус дар Русия хеле пуршиддат боқӣ мемонад. Шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи ин кишвар 17 340 сироятшудаи нав сабт шудааст. 

Қазоқистон аз сирояти 179 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Ин кишвар ҳамчунин мегӯяд 211 кӯдак низ мубтало ба коронавирус шудаву танҳо зарфи 24 соати сипаришуда аз сирояти боз 34 кӯдак хабар дода шуд.

Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 582 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бештари ин афрод дар минтақаи ҷануби кишвар: вилояти Уш – 127, Ботканд – 113 ва Ҷалолобод – 86 нафар сабт шудаанд.  

Дар Ӯзбекистон ҳодисаи сирояти такрорӣ ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст.