Хатари боронҳои шадиди сард ба ҳайвонот. Мутахассисон мегӯянд ҳатто бабрҳои амурӣ дучори ин мушкил шудаанд

Борони сарде, ки ба минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбии қаламрави Приморский борид, метавонад боиси марги ҳайвонот дар тайга (ҷангали барфӣ ё ҷангали шимолӣ)-и Уссурӣ гардад. Бориши барф дастрасии ҷонваронро ба ғизои табиӣ ба таври назаррас мушкил кард. Дар ин бора мутахассисони Ҷамъияти ҷуғрофии Русия хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки борони сард ва хеле шадиде, ки охири моҳи ноябри соли равон дар минтаҳои ёдшуда борид, аз ҷониби коршиносони  масоили ҳавошиносӣ як падидаи ноҳинҷору ғайримуқарраӣ номида шуд. Гуфта мешавад, ки бори охир ин гуна зуҳурот дар Приморе 30 сол пеш иттифоқ уфтода будааст. Ҳавои сарду боронӣ на танҳо ба сокинони минтақа зарар овард, балки барои ҳайвоноту набототи тайга низ зараровар буд. Хонаи бабрҳои амурӣ низ ба рӯйхати маконҳои офат дохил шуд. Кормандони Хадамоти шикорӣ ва нозирони сервиси назорат ба шикор гузориш додаанд, ки ба сабаби яхбандӣ ва зери фишори яхҳои вазнин дарахтони зиёде шикастаанд. Ин амр дастарсии ҳайвонот ба ҷалғӯзаи дарахтони булут, ҳамчунин чормағи дарахтони булт душвор кардааст.  

Дар он минтақаҳое, ки пеш аз омадани тӯфони ғайримуқаррарӣ аллакай барф меборид, вазъ душвортар шудааст. Дар ин ҷойҳо барф ончунон зиёд дорида, ки  ҳайвонҳо наметавонанд озодона дар ҷустуҷӯи хӯрок тавассути тайга ҳаракат кунанд ва барои дарёфти ғизо вақти зиёдро беҳуда сарф мекунанд. 

Мушкилот дар байни ҳайвоноте, ки дар минтақаҳои шимолӣ ва марказии ин минтақа зиндагӣ мекунанд, низ ба миён омадааст. Аммо дар он ҷо сабаб на борони шадиду сард, балки барфи зиёд буд. Дар баъзе аз манотиқ барф то 50 см баланд боридаву ҳаёти ҳайвонотро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

барчасп: