Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва Суғд, инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ туман дар назар дошта шудааст. Ғайр аз ин, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хавфи лағзиши тарма ва сангрезӣ боқӣ мондааст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагонро даъват менамояд, ки суръати ҳаракатро риоя кунанд, дар роҳҳо ҳушёр ва бениҳоят эҳтиёткор бошанд.

Ғайр аз ин, КҲФ тавсия медиҳад, ки аҳолӣ ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Вобаста ба вазъи ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсия медиҳад:

- ҳангоми ҳаракат бо мошин дар туман, шумо бояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя кунед, тез ҳаракат кардан, аз мошинҳо пеш гузаштан ҳолатҳое мебошанд, ки садама ба вуҷуд меоранд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки аксари садамаҳои мошин ҳангоми туман бо айби ронандагон рух медиҳанд.

- Муҳим аст дар хотир дошта бошем, ки туман чунин хатарҳоро ба монанди коҳиши биниш, монеаи ҳаракат дар роҳ ва афзоиши эҳтимолияти садамаҳои нақлиётӣ ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ ҳаракат дар вақте ки ҳаво туманпӯш аст, назар ба рӯзҳои офтобиву рушан хеле суст бошад.  

Агар шумо дучори ҳодисаи фавқулодае шудед ва ба ёрии наҷотдиҳандагон ниёз доред, пас ба хадамоти кумаки фаврӣ “112” ё телефонҳои Қисми навбатдории КҲФ: 223 13 11, 93 880 28 19 муроҷиат намоед.

барчасп: