Ва боз дар бораи COVID-19: Оғози воксанзанӣ дар Олмон аз пиразани 101-сола. Сактаи қалбии тифли сесола аз ин беморӣ. Нигарониҳо ва тавсияҳои СҶТ. Аврупо дар гирдоби тарсу ҳарос аз гунаи нави вируси Британия

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико КОВИД-19 ба суръати хеле баланд паҳн мешавад ва ин кишвар дар сироят ба ин беморӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст.  Тибқи маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷонз Ҳопкинз, дар давраи пандемия дар кишвар бештар аз 19,5 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд. Аз ин шумор, беш аз 341 ҳазор бемор фавтиданд.

 Дар иёлоти Ню-Йорки ИМА, полис маълумотро дар бораи нақшаи эҳтимолии қаллобӣ барои гирифтани воксани COVID-19  месанҷад. Дар ин бора хадамоти матбуоти департаменти давлатии тандурустӣ хабар додааст.

Дар ИМА кӯдаки сесола бар асари гирифторӣ ба COVID-19 сактаи дил шуд.

26 декабр The New York Times гузориш дод, ки аввалин ҳолати аксуламали шадиди аллергия ба воксани Modernа дар ИМА ба қайд гирифта шудааст. Ба духтуре аз Бостон пас аз чанд дақиқа сӯзандору таъсири манфӣ нишон дод - набзи ӯ баланд шуд, фишори хун паст шуд, забонаш карахт ва баданаш арақшор гардид.

Олимони Коллеҷи Донишгоҳи Лондон (UCLH) доруи наверо мавриди санҷиш қарор медиҳанд, ки метавонад иммунитети фавриро ба коронавирус таҳрик диҳад. Дар ин бора The Guardian хабар додааст. Ин дору Storm Chaser («шикорчии тӯфон”) номида шудааст ва онро UCLH якҷо бо ширкати дорусозии Astrazeneca таҳия намудааст. Ин дору коктейли антителаҳо ба SARS-CoV-2 мебошад, ки дар ду марҳила истифода мешавад.  

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки ҳамагирии имрӯз охирин ҳамагирие дар олам нахоҳад буд. Тедрос Аданом Гебреисус гуфт, ки солҳои охир пешгӯиҳои зиёде буданд, ки ҷаҳон ба пандемия омода нест. Ҳамагирии коронавирус, ки инсоният ба он дучор шуд, охирин ҳамагирӣ нахоҳад буд.

«Таърих ба мо мегӯяд, ки пандемияи ҳозира охирин нахоҳад буд. Эпидемия воқеият аст. Аммо сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, дастгирии ҳукуматҳо ва тамоми ҷомеа, муносибати ягона ба масъалаҳои тандурустӣ кафолати онанд, ки фарзандони мо ва фарзандони онҳо ҷаҳони бехатартар ва устувортарро мерос хоҳанд гирифт », - гуфт Гебреисус.

Дар ин росто Гебреисус дар мавриди кам кардани самараҳои  манфӣ барои ҷомеа ва иқтисод аз ҳар гуна ҳамагириҳо барои оянда се маслиҳат дод.  «Аввал, ҳамаи кишварҳо барномаҳои  назорати ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши паёмадҳои онҳоро сармоягузорӣ кунанд. Кумаки аввалия хеле муҳим аст”.

Ба андешаи ӯ бахши дуюми фаъолият ҳамоҳангсозии кори системаи тандурустӣ, ҳукуматҳо ва ҷамеа бояд бошад. “Сеюм, ҳамагирӣ робитаҳои саломатии одамон ва ҳайвонотро дар сайёра фош кард. Мо ҳамаи ин мушкилотро танҳо бо роҳи муносибати ягона ба ғамхорӣ дар бораи саломатии инсон ҳал карда метавонем. Ҳар гуна талошҳои мо ба нокомӣ маҳкум хоҳанд шуд, агар таҳдиди одамон ба олами ҳайвонот ва тағйири иқлим бартараф карда нашавад”.

Дар Олмон ба воксанзании аҳолӣ бар зидди коронавирусро оғоз карданд. Аввалин воксанро як хонуми солманди 101-сола, ки дар хонаи пиронсолон воқеъ дар Ҳалберштадти сарзамини Саксония- Ангалт ҳаёт ба сар мебарад, қабул кард. Дар ин хонаи пиронсолон боз 40 нафари дигар аз 59 бошандагонаш, ҳамчунин кормандон ва директори идории он худро эм карданд

"Штамми британиёӣ” Аврупоро тарсонд

Нидерландия, Белгия ва Италия ҳаддиақал то аввали моҳи январ ҳама гуна парвозҳои ҳавопаймоҳоро ба Британияи Кабир ва аз он кишвар мутаваққиф карданд. Намояндагон СҶТ эълон карданд, ки бо мақомоти Британияи Кабир дар тамоси доимӣ мебошанд ва густариш ва авҷи сирояти гунаи нави коронавирус VUI-202012/01-ро пайгирӣ мекунанд. Ҷониби Британия низ пайваста ин созмонро аз вазъи навъи нави вирус дар ҷараён мегузорад. 

Бурун аз қаламрави Британия штамми нави вирус аллакай дар Дания, Нидерландия ва Австралия ошкор шудааст, хабар дод СҶТ.

Инчунин, то ҳол ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки штамми нав ба воксанҳо, ки аллакай дар бисёр кишварҳои ҷаҳон истифода мешаванд, тобовар бошад.

Кишварҳо яке паси дигар марзҳои худро мебанданд, парвозҳо қатъ мешаванд.

  • Аввали моҳи декабр як сироятшуда ба гунаи нави вирус дар Нидерландия ба қайд гирифта шуда буд, ки ба эҳтимоли зиёд аз Британия омада буд. Парвози ҳавопаймоҳои ин кишвар ба Британияи Кабир то 1 январ мутаваққиф шуд.
  • Дания аз имрӯз ба муддати ду рӯзи оянда ҳама парвозҳои ҳавопаймоҳояшро ба Британия манъ кард;
  • Канада ба муддати 72 соати оянда қабули ҳама гуна ҳавопаймоҳо аз Британияро манъ кард. Ин кишвар эълон намуд, ки мусофирони рӯзи якшанбе аз Британияи Кабир омада аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
  • Италия парвозҳо ба Британия ва аз Британияро то рӯзи 6 декабр манъ кард.
  • Белгия – аз рӯзи якшанбе қабулии ҳавопаймоҳо аз Британияро лағв намуд, ҳаракати қатори "Евростар" аз Лондон ҳаддиақал муддати 24 соат боздошта шуд;
  • Ирландия – аз нимшабии рӯзи якшанбе ба муддати 48 соат равуои ҳавопаймоҳо аз Британия ва ба Британияро манъ кард;
  • Фаронса – марзҳояшро бо Британия  ба муддати 48 соат баст. Кулли ҳавопаймоҳо ва қатору мошинҳои мусофирбар ва боркаш иҷозаи вуруд нахоҳанд дошт;
  • Олмон қабули ҳавопаймоҳо аз Британияро аз нимишабии якшанбе қатъ кард;
  • Австрия – омодаи эълони ин гуна тадбирҳост; 
  • Эстония – ҳама гуна парвозҳоро аз соати 00.00 21 декабр то 1 январ лағв кард;
  • Латвия
  • Литва
  • Руминия
  • Булғористон
  • Ҷумҳурии Чех
  • Шветсия низ дар садади андешидани чораҳои ба ин монанд мебошанд.  
  • Исроил аз рӯзи якшанбе ба муддати 7 рӯз равуо бо Британия, Дания, Африқои Ҷанубӣ, кишварҳое, ки гунаи нави вируси корона кашф шудааст, манъ кард;
  • Туркия парвозҳо ба Британияи Кабир, Дания, Нидерландияро манъ кард. Аммо муҳлати ин эълон наушдааст.
  • Швейтсария аз нимишаби гузашта ҳама парвозҳои ҳавопаймоҳоро ба Британия Кабир манъ кард;
  • Кувейт – парвозҳо ба Британияро ба муҳлати номуайян манъ намуд.

Арабистони Саудӣ ҳама гузаргоҳҳои марзии худро бо мамолики хориҷ то як ҳафта баст.

Имрӯз, душанбе кишварҳои Иттиҳоияи Аврупо иқдомҳои муштарки худро дар иртибот ба гунаи нави вируси корона дар Британия Кабирро баррасӣ мекунанд.