Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар остонаи Соли нав

30 декабри соли 2020 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кормандони КҲФ ва дар арафаи Соли нав бо ташаббуси роҳбарият ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти хӯроквории хоҷагии ёрирасони «Наҷот» -и Кумита ба фурӯш гузошта шуданд.

Нархи маводи ғизоӣ дар ин ярмарка назар ба нархи бозор пасттар буд. Масалан, нархи як кило гӯшт 45 сомонӣ, картошка 2 сомонию 60 дирам, як кило биринҷ 10 сомонӣ, асал 50 сомонӣ буд.

Дар арафаи ҳар ид кормандони хоҷагии ёрирасони хоҷагии КҲФ ният доранд, ки кормандонро доимо бо маҳсулоти худ бо нархҳои дастрас таъмин созанд.

барчасп: