Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 8-10-уми майи соли равон дар ҷумҳури тӯфони гарду ғубор пешбинӣ шудааст.
Бино ба гузориши манбаъ дар ин рӯзҳо бод ба суръати 15-20 м/с хоҳад вазид. Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди шарду ғубор дар атмосфера мешавад.
Агентии ҳавошиносӣ дар гузоришаш дар ин маврид навиштааст, ки дар аксари минтақаҳои кишвар консентратсияи зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) аз меъёрҳои муқаррарӣ хеле зиёдтар пешгӯӣ мешавад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. PM2. 5 - заррачаҳои хурди дисперсионӣ бо қутри камтар аз 2,5 микрон қодиранд ба роҳи нафас ворид шаванд ва боиси шиддат гирифтани бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо гарданд. Pm10 - заррачаҳои қутри то 10 микрон, ки ба саломатӣ, хусусан барои кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд.
Чанд тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо:
- Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
- То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
- Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
- Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
- меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед; - ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.