Ду ғарқшуда дар рӯди Сир: яке 19 ва дуюмӣ 21-сола буд
Чоп шуд: 28/05/2025 | redaktor
Ду ҷавон аз деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон дар рӯди Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳоро нимаи аввали рӯзи гузашта пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ин ҳодиса рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ рух додааст. Навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ба Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар дод, ки ин ду нафар, ки дар оби Сир шиноварӣ мекарданд, ғайб заданд.