Мулоқоти Раиси КҲФ бо Директори генералии Институти экология ва географияи АИХ
Чоп шуд: 30/05/2025 | redaktor
30 майи соли 2025, дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Директори генералии Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, профессор Жанг Яоминг баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди байни Кумита ва Институти Синзянии экология ва географияи АИХ, инчунин Маркази тадқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд