Activities calendar

31 майи 2025

Мулоқоти Раиси Кумита бо Муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)

Санаи 29 майи соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана, роҳбари минтақавии шуъбаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Николай Помощников мулоқот анҷом дод.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

30.05.2025 09.33

шаҳри Душанбе

Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям.