Машқи омӯзишӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо мақсади иҷроиши талаботҳои Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, дар ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 27 – уми майи соли 2025 дар КВ “Пойгоҳи Локомотивии Душанбе”-и КВД  “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, машқи ғайринақшавии тактикии махсуси мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми ба амал омадани заминларзаи қувааш 6-7 балла ва бартарафкунии оқибатҳои он», гузаронда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, намояндаи Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита, афсарони  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе,  Дастаи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, ҳайати роҳбарикунандаи КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, сардорони ситодҳои корхонаҳои иқтисодӣ ва зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягонаи давлатии ноҳияи Шоҳмансур, иштирок намуданд.

 Дар тамрин 350 – нафар, 1 қатораи мусофирбар, 1 қатораи оташнишонӣ, Дастаи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 7 нафар, бо 1 адад техникаи махсус, хадамоти давлатии оташнишонӣ бо 1- автомашинаи сўхторхомушкунӣ дар ҳайати 6 нафар, хадамоти тибии ноҳия бо 1 адад нақлиёти ёрии тиббӣ дар ҳайати 4 нафар, хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ноҳия бо 2 адад нақлиёти хизматӣ дар ҳайати 4 нафар фаъолона иштирок намуданд.

 

 

барчасп: