Заминларза дар Тоҷикистон ва Афғонистон. Мақомот гуфтанд, ки он паёмади нохӯше надошт

Заминларзаи дирӯз, 14 июли соли 2020, ки маркази он 297 километри ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе буд, хисорат ва талафоти ҷонӣ надошт. Тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ин заминларза дирӯз соати 14:34 дақиқа сурат гирифт ва маркази он Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. Қувваи зилзила дар маркази он 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балл буд.

Манбаъ хабар дод, ки зилзила паёмадҳои нохӯше дар пай надошт.

барчасп: