Ҷасади як ҷавон дар Кӯли Ҷавонон пайдо шуд

Субҳи рӯзи 4 июли соли равон навбатдори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лейтенанти калон Эмомов  Ғанимат ба навбатдори оперативии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе дар бораи пайдо шудани як ҷасади шахсияташ номаълум дар Кӯли Ҷавонон хабар дод. Мавсуф мегуфт ҷасад дар об аст ва танҳо бахше аз танаи вай намоён шудааст.

Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати  Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва ҷасадро аз   дохили кӯл бароварда,  ба кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино супорид.

То кунун дар бораи ҳуввияти ғарқшуда маълумот дар даст нест.