Наҷоти се ғарқшуда дар “Баҳри Тоҷик”, марги як нафар дар дарёи Кофарниҳон

Се ғарқшуда дар обанбори “Барқи тоҷик” бо талоши ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд наҷот дода шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 5-уми июли соли равон иттифоқ уфтод ва ду нафари ин наҷотёфтагон ноболиғ будаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 5 – уми июли соли 2020 тахминан соати 16:23 дақиқа кормандони бахши наҷоти Раёсат, ки дар обанбори “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон қисми навбатдорӣ ташкил намудаанд, 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ду нафари онҳо ноболиғи 13-сола буда, яке 21 сол доштааст.

Бино ба гузориши Раёсат ноболиғон сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 21-сола зода ва сокини деҳаи Роғи, ҷамоати Палдораки ноҳияи Масчо будаанд. 

Дар ҳамин ҳол аз ғарқи об ва ба ҳалокат расидани як сокини 22-сола дар дарёи Кофарниҳон гузориш расид. Бино ба гуфтаи  сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нисфирӯзии якшанбе, 5-уми июл як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло муваққатан дар хобгоҳи маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе истиқомат дошт, ҳангоми оббозӣ дар қаламрави деҳаи Қарияи Камари ноҳияи Рӯдакӣ дар Кофарниҳон ғарқ шудааст. 

Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале ҷасад пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар минтақа идома дорад.

Хабари он нашр хоҳад шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки танҳо зарфи ду рӯзи охир хабари марги 4 нафар ва наҷоти ду нафар дар обҳои кишвар расид, ки ин наметавонад нигаронкунанда набошад.

Сабаби аслии ин ҳодисаҳои нохӯш надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони ноболиғи худро тани танҳо ба оббозиву шиноварӣ иҷозат медиҳанд.

барчасп: