Фаъолияти кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар соҳили обҳои вилоят

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуъи чорабиниҳои пешгирӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон дар давраи тобистонро идома медиҳанд. Пӯшида нест, ки истироҳат дар соҳили обҳо ғайр аз шодиву фараҳ боз метавонанд мусибату фоҷеа низ орад. Калонсолон метавонанд аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва бачаҳо бар асари бе назорат мондан дар об ғарқ шаванд.

Дар доираи  тадорукоти якмоҳа кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ макони истироҳатии обанбори нави деҳаи Бидурди ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон санҷиш гузарониданд ва ба бошандагони он дар бораи риояи қоидаҳои шиновариву амният дар обҳо нақл карданд. 

Ғайр аз ин кормандони Раёсат ҷойҳои барои истироҳату оббозӣ мамнуъро пайдо ва аломатгузорӣ карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна чорбабиниҳо ва санҷиҳо дар маҳалҳои дигари вилоят низ аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва шуъбаҳои ноҳиявии он ҳамроҳ бо кормандаони Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКӢ гузаронида мешаванд.