Вазъи КОВИД-19 дар олам: Сироятёфтагон беш аз 36 миллион нафар. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки иқтисоди ҷаҳон зиёд зарар намебинад

Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам аз 36 миллион гузашт ва аз  марги беш аз як миллиону 504 ҳазору 600 нафар хабар дода мешавад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти 40 сироятшудаи нав хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун дар  Тоҷикистон ба коронавирус бештар аз 10 ҳазор нафар сироят шуда,  88,2 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Дар Берлин тадбирҳои беҳдоштӣ шадидтар мешаванд. Ҳамаи тарабхонаҳо, барҳо,  мағозаҳо, дӯконҳо ва бисёр дигар муассисаҳои хизматрасонӣ аз соати 23:00 то 6:00 баста хоҳанд шуд.

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус рӯзи сешанбе изҳори хушбинӣ кард, ки воксан аз коронавирус то охири сол омода барои истифода хоҳад шуд. 

Иқтисоди умумиҷаҳонӣ, ки аз ҳамагирии  COVID-19 зарбаҳои шадид дид, имсол коҳиши чандоне нахоҳад дошт, тавре моҳи июни соли равон пешбинӣ мешуд, гуфт Директори Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева.

Дар Олмон ширкати дорусозии  BioNTech аз Майнса ба сертифаткунонии воксани нав бар зидди коронавирус оғоз кард.

Дар Украина то 6 октябри соли равон 234 ҳазору  584 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Теъдоди фавтидагон ба 4520 нафар расидааст. Дар як шабонарӯз дар ин кишвар 4348 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. 

Дар Русия шабонарӯзи гузашта 11 ҳазору 615 мубталои нав ба коронавирус сабт шудааст. Шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ дар Русия ба 21 ҳазору 663 нафар расидааст. 

Шаҳрдори Моска Сергей Собянин дар бораи эълони маҳдудиятҳои нав дар пойтахт хабар дод. Дар навбати аввал ин маҳдудиятҳо ба мактаббачагон ва шахсони солманд дахл хоҳад дошт.

Шабонрарӯзи гузашта дар Қазоқистон 60 сироятёфтаи нав ба қайд гирифта шудааст ва шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 108 ҳазору 296 нафар расидааст. 

Аз оғози пандемия то кунун дар Ӯзбекистон 59 ҳазору 343 нафарро (рӯзи гузашта 397 нафар) чун мубтало ба КОВИД-19 сабт кардаанд ва шумори фавтидагон аз ин беморӣ дар ин кишвари ҳамсоя ба 489 нафар расидааст.