Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои техникӣ тақдим намуд

Бо мақсади боло бурдани иқтидори техникии кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи татбиқи дуҷонибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда миёни КҲФ ва намояндагии Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх дар Тоҷикистон 6-уми октябри соли равон маросими таҳвили воситаҳои техникӣ баргузор шуд.

Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ба имдодгарони КҲФ тоскулоҳҳои наҷот, мӯзаҳои резинӣ, ниқобҳо, дастпӯшҳо, бастабандиҳои тиббӣ, камзӯлҳои истифода барои як бор, занбарҳо, халтаҳои махсус барои интиқоли ҷасадҳо, маҳлули хлор ва спирт супурд. 

Ҳамаи ин воситаҳоро наҷотдиҳандагони КҲФ ҳангоми роҳандозии корҳои наҷот истифода хоҳанд бурд.

барчасп: