Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Бахши аввал

Христофор Колумб (1451-1506)

Дар бораи нимаи аввали умри ин дрёнаварди машҳур хеле маълумоти кам дастрас шудааст. Он ки то ҷойе маълум аст Хритофор Колумб  соли 1451 дар Генуя дар хонаводаи бофанда ба дунё омадааст. Генуя он замон шаҳри маллоҳони ҷасуру дарёнавардони моҳир ва косибони чирадасту тоҷирони соҳибтаҷриба, ҳамчунин бонкдорони дар саросарои Аврупо машҳур будааст. Кулли ҳаёти вай бастаи баҳру дарё будааст ва метавон ҳадс зад, ки Колумб шиновариро аз бачагӣ омӯхтаву аввалин сафари баҳрии худро ҳам дар овони наврасӣ анҷом додаст. Хеле баъдтар, дар соли 1476 вақте киштиҳои Генуез дар нимҷазираҳои Пиреней шино мекарданд, ногаҳон ба онҳо ногаҳон эскадраи роҳзанҳои баҳрӣ ҳамла карданд. Чун дигар маллоҳони киштиҳои ғарқшуда Колумб низ шинокунон то соҳил расид ва худро дар Португалия дид.  Он замон Португалия кишвари қудратманд ва ҳокими баҳрҳои азим дар Аврупо буд ва Лиссабон калонтарин марказе ба шумор мерафт, ки аз он экспедитсияҳо ба Атлантика равона мешуданд ва тозатарин хабарҳо дар бораи заминҳои нав кашфшуда дар ақсои олам паҳн мешуданд. 

Чун ба Лиссабон расид, Колумб дар миёни ҳамватанони  генуеии худ сарпаноҳе ёфт. Баъдтар бо духтаре аз хонаводаи афроди саршинос – Фелипе Монис Перестрелло издивоҷ кард. Ин никоҳи муваффақ дар бахти маллоҳ буд: муддати дурудароз дар Португалия зист, бо шахсоне шинос ва ҳамсуҳбат шуд, ки шахсан дар экспедитсияҳои шоҳзода Энрике ширкат кардаанд ва ҳоло дар Лиссабон дар вазифаҳои масъулу баланд кор мекарданд. Соли 1477  Колумб ба сафари баҳрии соҳилҳои Англия ва Ирландия баромад ва баъдтар ба қалъаи Сан-Жорж-да Мин воқеъ дар соҳили халиҷи Гвинея рафт, аз он ҷо то ҷазираҳои Азов шино кард. Дар ин шиновариҳо Колумб таҷрибаҳои кофии киштиронӣ дар уқёнуси озодро ҳосил намуд. Дар гаванаҳои Лиссабон ва ҷазираҳои Азов бо маллоҳони куҳансол зиёд суҳбатҳо анҷом дод, аз онҳо дар бораи бодҳо, ҷараёнҳо, ҷазираҳои ноошно дар уқёнусҳо пурсид ва ба суолҳои худ посух дарёфт кард. Ва билохира, китобу дструамалҳоеро дар ин бора дастрас ва мутолиа намуд. Аз ҷумла «Китоб»-и Марко Поло ва ё «Хилқати олам»-и Пйер де Айли ва ғайраро аз назар гузаронд ва барои худ маълумоти лозимро пайдо кард. 

Маҳз дар Португалия дар тафаккури Колумб ғояи расидан ба Ҳинд аз роҳи ғарб пухт. Ва ҳамаи фаъолиятҳои ӯ дар ин солҳо: сӯҳбат бо маллоҳону дарёнавардони соҳибтаҷриба, омӯзиши китобҳо, шиновариҳои дуру наздик, кашидани харитаҳо ба татбиқи ҳамин орзуи деринаи вай равона шуда буданд. Дар тафаккури Колумб фарзияҳои дуруст бо дурӯғ тавъам буданд. Ғояи курашакл будани Замин, ки ҳанӯз аз замони бостон маълум буд ва дар замони Колумб ҳам шаке дар он набуд, бо фикри дар қисмати болоии он хушкӣ яқинан бар уқёнуси ягона бартарӣ дорад, ба ҳам меомад. Ва шино ба самти Осиё аз роҳи ғарб на танҳо имконпазир аст, балки нисбатан бояд кутоҳ ҳам бошад. Аммо то кадом ҳад кутоҳ? Аз посух ба ин суол имкон доштан ва ё надоштани татбиқи амалии ин ғоя бастагӣ дошт.

Колумб аз миёни ҳама маълумот онеро, ки ба худи ӯ писанд буд, гирдоварӣ кард, онҳоро «таҳрир» намуд ва дар натиҷа масофа аз ҷазираҳои Канорӣ то ҷазираи Сипанго (Ҷопон)-ро муайян кард, ки тибқи ҳисобҳои вай 3,5 баробар камтар аз масофае буд, ки қаблан медонистанд. Ин гузариш ҳарчанд собиқа надошт, вале амалан номумкин буд. Аммо Колумб бо нерӯи фантастикӣ талош кард ғояи худро дар амал татбиқ созад. 

Лоиҳа ба шоҳи Португалияи Жоани дуввум пешниҳод шуд. Шоҳ онро ба комиссияи мумаййизон супурд ва ин комиссия аввали соли 1485 қарори худро эълон кард: аз сабаби амалан номумкин будани татбиқи лоиҳа он пазируфта нашуд. Аммо барои таҳлилгарон на танҳо ҷанбаҳои илмии татбиқи тарҳи пешниҳодӣ амалан номумкин буд, балки талаботи Колумб дар сурати иҷро шудани тарҳаш низ назар ба талаботи дигар дарёнавардони машҳури португалӣ бештар буд. Аз сӯи дигар шоҳ низ дар остонаи талошҳо барои расидан ба Ҳинд аз тариқи Африқо хоҳиши пазириши ин тарҳро надошт.

Тобистони соли 1485 Колумб Португалияро тарк кард ва хост бахти худро дар ин замина дар Испания санҷад. Ҳақирӣ ва фақр, кашолкории соҳибмансабон ва сайру саёҳатҳои малика Изабелла (Изабеллаи якум, маъруф ба Изабелаи Католик, шаҳбонуи Кастилия ва Леона, ҳамсари Фердинанди дуввум) ва шоҳ Фердинанд (маъруф ба Фердинанд Католик, ҳамсари шаҳбону Изобелла. Дар таъсиси давлати воҳиди Испания саҳм доштааст) дар интизории қабули расмӣ (чун Испания то ҳол соҳиби пойтахти доимӣ набуд), рад шудани пешнищодҳо ва ваъдаҳои наве, ки бовар кардан ба он душвор буд, ҳамаи ин дарёнавардро хаста кард. Чун як марди бегона барои ин сарзамин Колумбро лозим омад ҳафт соли дароз интизорӣ кашад ва ин ҳафт соли интизорӣ ва ноумедиҳои пайдарпай шояд мушкилтарин солҳои ҳаёти вай буданд. Танҳо баъди ин ҳафт сол вай тавонист пуштибонии шахсони таъсиргузор ба хонаводаи шоҳ дар мамвриди судовар будани тарҳашро ба даст овард. Бо Колумб ин гуна тавофуқ карданд: дар сурати амалӣ шудани тарҳаш ва муваффақият вай ба рутбаи адмиралӣ ноил мешуд,  ноиби шоҳ ва фармонфрмои ҳамаи заминҳое мебуд, ки кашф кардааст, даҳ дарсад аз ҳамаи фоидаи ба дастомада аз ӯ мешуд, ба он шарт, ки ҳаштумин ҳиссаи масрафоти экспедитсияро пардозад ва ҳаштумин ҳиссаи фоида аз тиҷоратро низ. Дар ҳоли нокомӣ Колумб чизе нахоҳад гирифт. Ҳамин тариқ хонаводаи шоҳ бо харҷи хеле каме дар сурати комёбӣ соҳиби сарват ва заминҳои бузурге мешуд. Барои сафар хеле ба зудӣ се киштии беҳтарин интихоб гардид. Дуи онҳо: «Пинта» ва «Ниня»  каравелл буданд ва киштии флагман «Санта-Мария» нмсбатан борбардор, вале сустҳаракаттар аз дуи аввали буд.

Интихоби дастаи ҳамсафрон кори мушкилтар буд. Маллоҳони бандари Полос, ки киштиҳои Колумб мебоист аз он ба ҳаракат медаромаданд, хоҳиши онро надоштанд, ки бо як бегона ба сафари дури баҳрӣ раванд. Хеле баъдҳо яке аз онҳо дар хотироташ навишт: «Тасмими Колумб ва тарҳи ӯро ба истеҳзо мегирифтанд ва мегуфтанд, беҳуда корест, чун дар ғарб замини дигар нест». Билохира ба Колумб муяссар гардид, ки ин коршиканиро барҳам занад ва аз миёни ҳамаи онҳо одамонеро интихоб кунанд, ки ҳозир ба ҳамкорӣ шуданд. Ба сарварии экипаж ғайр аз Колумб боз капитани соҳибтаҷриба Мартин Алонсо Пинсон ва бародари вай Висенте Янес Пинсон пайвастанд.

Тарҳи Колумб дар мавриди Атлантикро маҳз аз тариқи фарохии ҷазираҳои Канор комилан дақиқ буд: боди мувофиқ ва ҷараёни об киштиҳоро ба зудӣ ба самти лозим ҳаракаат дод. Роҳи муносибтаре ба ғарб дар ин қисмати Атлантик вуҷуд надошт. 

Ду ҳафтаи аввали шиноварӣ ба хубӣ пушти сар шуд: баҳри ором, боди устувори муносиб ва боварии комил ба наздик будани комёбиҳо дар сафар. Аз 16 сентябр монеъаҳо шурӯъ гардиданд. Сари роҳ обсабзҳои зиёд пайдо шуданд. Киштиҳо ба баҳри Саргасс наздик шуданд: «корхонҳо»-и азими уқёнус, ки аз ҳама ҷониб бо ҷараёни пурқудрати атлантикӣ маҳдуд шуда буданд. Дар аввал обсабзаҳо аз наздик будани замин башорат медоданд ва умедвор мекарданд, аммо тадриҷан ҳисси тарс дар дили хурофотпарастонро  ба вуҷуд меоварданд. Вақте ақрабаки қутбнамо аз самти шарқ сар хам кард, «маллоҳонро тарсу ноумедӣ фаро гирифт», навишта буд Колумб дар сафарномаи худ. Аммо бештар аз ҳама боди устувору ҳамешагии шадид аз самти шарқ маллоҳонро сахт ба изтироб оварда буд. Гӯмагӯҳое оғоз шуданд, ки чун гузштан аз миёни ин бод амалан имкон надорад, хуб мешуд ба Испания баргарданд.  Барои коҳиш додани ҳисси нобоварии маллоҳон Колумб масофаи дар як рӯз тайшударо дигаргуна нишон дод ва рақами дурусту дақиқро дар рӯзномаи худ навишт.


Тасвири ҷазираҳои Багома аз кайҳон.

7 октябр бошандагони киштиҳо парандагони гуногун ва зиёдеро мушоҳида карданд, ки аз ҷануб ба самти ғарб парвоз мекарданд. Ба Колумб маълум буд, ки португалиҳо ҷазираҳоро дар ҳаракат ба самти парвози парандагон кашф мекарданд ва ӯ низ киштиҳои худро ба самти ҷанубу ғарб гардонд. Қарори комилан дуруст буд: агар ба самти қаблӣ мерафтанд, киштиҳо ба фавраи қудратманди Голфстрим меуфтоданд, ки монеъи расидани онҳо ба соҳилҳои Амрико мешуд ва онҳоро аз соҳилҳо басо дур мебурд. Ба тағйири самти ҳаракат нигоҳ накарда, норозигии малоҳҳон меафзуд. Ба ҳадде, ки омода буданд ин баҳрнаварди бегонаро аз киштӣ ба об партоянд. Аммо дар ин гуна лаҳзаҳои мушкилу сангин ҷасорату мардонагӣ ҳаргиз Клумбро тарк накарданд ва ӯ ба тарҳи худ боварии комил дошт. Ҳарчанд салоҳияти онро дошт, ки зидди ошӯбгарон чораҳои шадид андешад, вале вай ин корро накард ва бо сӯҳбатҳову бовар кунонданҳо маллоҳонро умедвор кард, ки онҳо ҳар вақт метаовнанд пас гарданд, вале сабр кунанд, то ин бозгашташон саодатмандонаву шоиста бошад. Боз 3-4 рӯзи дигар сабр кунанд ва баъди он тасмим бозгаштро хоҳанд гирифт. 

Се рӯз баъд дар ҳақиқат нишоне аз наздик будани заминҳо пайдо шуд ва ин боис гардид, ки дигар касе ҳатто бозгашт ба Испанияро ба ёд намеовард. Бо вуҷуди он ки шаб фаро мерасид ва шаби торик хавфҳои дигар дошт, метавонистанд ба харсангҳо бархӯранд, вале киштиҳо ҳамоно ба пеш ҳаракат мекарданд. Ба ҳар касе, ки аз аввалинҳо шуда заминро мебинад, ҷоиза таъин гардид. Билохира соати дуи шаб, рӯзи 12 октябри соли 1492 аввал садои тир баланд шуд ва баъд овози маллоҳ ба гӯш расид: Пинти», «Родриго де Триани: «ЗАМИН!!! ЗАМИН!!!»

(идома дорад)
Таҳияи Б.Шафеъ

МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: