Қубури кафида дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагии чанд хонаводаро ба мушкил рӯ ба рӯ сохт

Ин ҳодиса нимишабии имрӯз, дақиқат баъди соати яки шаб, вақте сокинон дар хобанд, рух дод. Қубуре кафидаву оби он ҳавливу таҳхонаҳои сокинонро пахш кард ва изтироби ногаҳонӣ сукунати шабро дар ин минтақа шикаст. Хабар ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расид ва имдодгарон  сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд.

Рўзи 17.10.2020, тахминан соати 01:30 дақиқа шаҳрванд Саидова Фароғат. истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати  Сарикиштӣ, деҳаи Нишони Ленин ба навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки  қубури оби нушокӣ сӯрох шуда, саҳни ҳавлӣ, таҳхонаҳо, хонаҳои истиқоматии №82,  84, 86-и  шаҳрвандонро об пур намудааст.

Баъд аз гирифтани хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе,  сардори   Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо якҷо бо кормандони КВД обу корез мушкилро бартараф карданд.

Инчунин 3 нафар шаҳрвандоне, ки саҳни хонаи истиқоматиашон зери об монда буд,  бо воситаи қаиқ ба ҷои бехавф гузарониданд.

Дар айни замон корҳои бартафсозии паёмадҳои ин ҳодиса идома доранд ва аз ҷараёни он хабар дода хоҳад шуд.

Озод Фахриддинзода