Ҷамъбасти 9 моҳи фаъолияти Кумита

20 октябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар нӯҳ моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори коллегия роҳбарони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти зидди жола, Раёсати махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷот, Раёсат дар масъалаҳои кӯли Сарез,  Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва лабораторияи ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд.

Дар рӯзнома баррасии масъалаҳои омодагии тамоми ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва қисмҳои низомӣ ба мавсими  зимистон, инчунин чораҳои андешидаи КҲФ дар мавриди пешгирӣ аз густариш ва сирояти коронавирус дар дар кишвар гузошта шуда буд. 

Дар масъалаи аввал ҳисоботи роҳбарони Раёсати модию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт, Раёсати сохтмон, ба истифода додани иншоотҳо, Раёсати қувваҳо шунида шуданд.  

Роҳбарони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, сардори Раёсати тиббӣ ва Шуъбаи кор бо ҷомеа дар бораи корҳои роҳандозишуда оид ба масъалаи дуюм ҳисобот доданд.

Дар суханронии худ Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода зикр намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии КҲФ дар мавсими тирамоҳу зимистон идома додани корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, инчунин ба анҷом расонидани омодасозии воситаҳои техникӣ ба зимистон, ташкил намудани  захираи сӯзишворӣ ва руғанҳои молиданӣ, маводи ғизоӣ ва доруҳо мебошад.

Дар ҷамъбасти коллегия сарвари КҲФ дар бораи ҳадафҳои дар пешистода изҳори назар кард ва ба муҳим будани иҷрои ҳама дастуру фармонҳои Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои ӯҳдадориҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда дар доираи Барномаҳои давлатӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи самараноки Барномаҳои қаблан қабулшуда таъкид намуд.

Ҳамчунин Раиси Кумита аз тобеон риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва хизматӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумитаро барои иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ талаб кард.

барчасп: