Дар Кореяи Шимолӣ мардеро, ки карантинро нақз кард, ба қатл расонданд

Ҳукуматдорони Кореяи Шимолӣ як мардеро, ки қоидаҳои карантиниро вайрон карда буд, ба қатл расонданд. Мақомот ахиран як силсила чораву тадбирҳои маҳдудкунанда барои тақвияти мубориза бар зидди коронавирус ҷорӣ карда буданд ва мегӯянд ин мард онро нақз кардааст. Дар ин бора нашрияи Radio Free Asia истинодан ба манбаъҳои худ хабар додааст.

«Аз аввали моҳи ноябри соли равон Кумитаи марказии ҳизби коргарии Корея чораҳои карантиниро тақвият дод”,-гуфтааст як сокини вилояти Пхёнани Шимолӣ, ки дар марз бо Чин воқеъ мебошад. - Онҳо бо ҳадафи тарсондани сокинони маҳаллӣ дар минтақаи наздимарзӣ ин мардро пеши чашми дигарон парронданд, зеро тамосҳои зиёде бо мардум дар он тарафи марз, аз ҷумла қочоқ зиёд буд”.

Марди ба эъдом маҳшкумшуда ҳудудан 50 сол доштааст ё каме аз он болотар. Ӯро ба қочоқ бо шарикони чиниаш аз тариқи марз муттаҳам мекарданд. Гуфта мешавад, ки дар ҳамин асно ин мард қоидаҳои беҳдоштӣ ва маҳдудиятҳои карантиниро риоя накардааст.  

Маврид ба зикр аст, ки Чин яке аз бузургтарин шарикони тиҷории Кореяи Шимолӣ ва сармоягузори кумакҳо ба ҳисоб меравад. Вале бар асари ҳамагирии коронавирус ин тиҷорати муштарак 75% коҳиш ёфтааст. Ҷониби Корея аз тарси он ки қочоқчиён аз Чин ҳамроҳ бо коло боз вирусро ҳам интиқол медиҳанд ва паҳн мекунанд, ҳузури худ дар марз бо ҳамсояи хешро тақвият бахшид. 

Моҳи ноябр хабар дода мешуд, ки дар Кореяи Шимолӣ одамонро барои нақзи ин қоидаҳо қатл карданд, моҳидорӣ манъ шуд ва коркарди намак низ ба таъхир афтод. 

Ҳарчанд Кореяи Шимолӣ ҳамвора иддио мекунад, ки дар ин кишвар расман ягон нафар олудаи коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳукуматдорон тадбирҳои сахту шадеде андешидаанд. Дар ин кишвар баргузории ҳар гуна тадорукот фарҳангиву илмӣ бо ширкати одамони зиёд манъ шудааст. Ҳамчунин сокинон наметавонад миёни вилоятҳо равуо дошта бошанд.