Сел дар ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои кишт ва як пулро шуст, 8 сар чорвои калонро ҳалок кард

Тибқи маълумоти сардори шуъбаи  Кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи гузашта, соати 16:30 дақиқа, бинобар сабаби боришоти зиёд  дар ҷамоати деҳоти Эсанбой  аз талу теппаҳо сел фаромада,  роҳи ҷамоат то маркази ноҳия,  аз километри 16 то 54-ум муваққатан баста гардид. Иничунин дар километри 68-ум 1 адад пули мошингузар, ки маркази ноҳияро ба ҷамоати деҳоти Эсанбой пайваст мекард, пурра шуста вайрон намудааст.

-дар ҷамоати деҳоти Эсанбой деҳаи Ишқобод ва деҳаи Чаган  селоба  ба  4   замини наздиҳавлигии шаҳрвандон  ворид шуда, қисман зарар расонид.

-дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа деҳаи Машъал аз сел 2 замин наздиҳалигӣ ва зиёда аз 500 метр роҳи деҳа зарар дидааст.

-дар деҳаи Шуриён ва деҳаи Пистамазор ҷамоати деҳоти Эсанбой сел 8 сар чорвои калонро ба ҳалокат расонд.

Аз тарафи МНДРА-и ноҳияи Рӯдакӣ 4 адад техникаи муҳндисӣ барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ сафарбар гардида корҳои барқароркунӣ идома доранд. Ҳаҷми зарари расида пурра аз ҷониби космиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян  карда мешавад.

барчасп: