Ширкати кормандони КҲФ дар Рӯзи дави миллӣ

21 майи соли  2023 беш аз 100 нафар варзишкорон аз ҷумлаи кормандон ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дави бахшида ба Рӯзи дави миллӣ ва веломарафони Душанбе ширкат карданд.

Дар қатори ҳазорон ширкаткунандаи ин чорабинии варзишӣ, ки сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро намояндагӣ мекарданд, кормандон ва наҷотдиҳандагони КҲФ низ дар хат ҳозир шуданд. Ин мусобиқа бори дигар нишон дод, ки наҷотдиҳандагон омодагии хуби ҷисмонӣ доранд ва тарзи ҳаёти солимро намоиш медиҳанд. 

Дар ин мусобиқа ҳамчунин кормандони воҳидҳои дигар КҲФ низ фаъолона ширкат карданд.

Гуфтанист, ки ин сабқати варзишӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон созмон дода шуда буд, ки қарор аст имрӯз, 23-уми май таҷлил шавад.

Марафони миллӣ ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май бар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2007 “Дар бори рӯзи дави Миллӣ” гузаронида мешавад.

барчасп: