Ҳашари сокинон ҷиҳати рафъи пайомадҳои сел дар Айнӣ ва Мастчоҳ

2-уми майи соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад. Лойю сангу рег ҳамроҳ бо дигар селовардаҳо  ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонида буд. Зарфи чанд рӯзи гузашта ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои ин офати табиӣ ҳудудан 100 нафар сокинон бо ҷалби 2 техника масофаи 300 метр роҳи дохили деҳа, ҷӯйборҳо ва 1 замини наздиҳавлигиро тариқи ҳашар аз сангу регу лой тоза карданд. Дар айни замон барои рафъи пурраи оқибатҳои сел дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ корҳо идома доранд.    Ҳамчунин 2-уми майи соли 2025,  дар деҳаи Ғази ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сел ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ  ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонда буд. Барои рафъи пайомадҳои ин сел 13 нафар сокинони маҳалӣ тариқи ҳашар бо ҷалби 1 адад техника масофаи 10 метр роҳҳои дохилӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ ва 1 адад замини наздиҳавлигиро аз лойоба тоза намуданд. Корҳои рафъи оқибатҳои сел дар ин деҳа идома доранд.
барчасп: