Ду ҷавон аз деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон дар рӯди Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳоро нимаи аввали рӯзи гузашта пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ин ҳодиса рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ рух додааст. Навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ба Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар дод, ки ин ду нафар, ки дар оби Сир шиноварӣ мекарданд, ғайб заданд.
Бо дарёфти хабар дастаи ғаввосони раёсати Кумита дар вилояти Суғд фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади яке аз онҳо соати 09:03 дақиқа ва дуюмӣ соати 11:03 дақиқа поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар ҳудуи қаҳвахонаи “Набережный” ва боғи фарҳангии “Наврӯзгоҳ” пайдо шуд.
Дар хабар гуфта шудааст, ки яке аз ғарқшудагон 21-сола ва дуюмӣ 19-сола буд.