Савганди навасакарони даъвати баҳорӣ дар Суғд

29-уми майи соли 2025 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули савганди ҳарбии наваскарони даъвати баҳории соли 2025  баргузор гардид.

 Дар маросим муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён, муовини Раиси шаҳри Гулистон  Даврон Муҳаммадзода, меҳмонон ва волидони наваскарон иштирок намуданд.

 Маросими савганди садоқат бо ироаи суруди миллӣ ҳусни ифтитоҳ гардид.  Пас аз қабули савганди ҳарбӣ аз тарафи 42 нафар наваскарон муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ сарбозони навдаъватшударо барои қабули савганди ҳарбӣ аз номи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ табрик намуда, қайд кард, ки имрӯз наваскарон баъди қабули савганди ҳарбӣ қадами аввалини худро ба мактаби мардонагӣ ва шуҷоат гузошта истодаанд, зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як ҷавонмард вазифаи пуршарафу муқаддас ба ҳисоб рафта, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ҷавонон бояд саҳмгузор бошанд. Ҳар як сарбоз бояд ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва уҳдадориҳои хизмати ҳарбиро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро намояд. 

 Дар рафти чорабинӣ дигар меҳмонон ва волидайни сарбозон низ сухан намуда наваскаронро ба ин рӯзи фаромушнопазир табрику таҳният намуданд. 

 Дар ҷамъбасти чорабинӣ меҳмонон ва волидони сарбозон бо шароити зисту зиндагонии сарбозон шинос шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуданд.

  Ҳамзамон дар ин руз барои   сарбозон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастархони идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда шуд.