30 ноябри соли 2020 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, таҳти раёсати Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Муқим Муродзода ҷаласаи фаъолияти Комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳияи Айнӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Дар маҷлис сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Камолов, сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ Мирзошо Мирзошоҳиён, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва матбуот иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи навбатии фаъолияти Комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулода атрофи масъалаҳои пешгирии офатҳои табиӣ, аз ҷумла омодагӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2020-2021, пуррагардонии захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода, омода намудани қувваю воситаҳои зернизоми ҳудудӣ ва зинавӣ, қабул ва баррасии пешниҳодот ҷиҳати таҳияи Нақшаи кории Комиссия барои соли 2021 ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муқим Муродзода ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшид.
Аз рӯи рӯзномаи маҷлис нахуст баромади сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ Мирзошо Мирзошоҳиён роҷеъ ба фаъолияти Комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020, баъдан гузориши мудири Бахши саноат, нақлиёт ва алоқаи МИҲД-и ноҳия Зоиршоҳ Қаноатов ҷиҳати омодагии соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ноҳия ба зимистонгузаронии 2020-2021, инчунин гузориши сардори Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ” дар мавсими тирамоҳузимистони 2020-2021 шунида шуд. Сипас, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Камолов суханронӣ намуд.
Дар охир Раиси ноҳия аз масъулон оид ба камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, пас аз муҳокимаву пешниҳодҳо ба ҳайати аъзоёни Комиссия барои амалӣ гардонидан вазифаҳои зеринро пешниҳод намуд:
1. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад;
2. Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030 ба роҳбари гирифта шуда, иҷроиши самтҳои дахлдори он таҳти назорати доими қарор дода шавад;
3. Лоиҳаи Нақшаи кории Комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳияи Айнӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021 ва лоиҳаи Нақша чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳори соли 2021 таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод карда шавад;
4. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода дар мавсими зимистону баҳори солҳои 2020-2021 қувваю воситаҳо ва техникаҳои мавҷуда омода карда шуда, ҳангоми обу ҳавои номусоид ташкили навбатдории шабонарӯзи ба роҳ монда шавад.
5. Ҷиҳати пурра гардонидани захираҳои манбаҳои моддӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №778 чораҳои зарурӣ андешида шавад.