Идомаи ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар

Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти натиҷаҳои кори Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодда идома доранд, ки дар он роҳбарият ва кормандони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Чунончӣ, дар шаҳрҳои Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Турсунзода, ноҳияи Масчои Кӯҳии вилояти Суғд, дар ноҳияҳои Данғара ва Балҷувони вилояти Хатлон, ҷаласаҳои ниҳоии комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барои соли 2020 баргузор шуданд.

Дар ҷаласа раисони ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои номбурда, аъзои комиссияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Дар ин ҷаласаҳо иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 "Дар бораи чораҳои омодасозии объектҳои соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони 2020-2021" барарсӣ шуданд.

Ҳисоботи шахсони масъули ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Онҳо инчунин масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи баҳори соли 2021 -ро мавриди баҳс қарор доданд.

Дар охири маҷлис натиҷаҳо ҷамъбаст карда шуда, ба роҳбарон ва намояндагони хадамоти гуногун барои иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.

барчасп: