Дар минтақаи Варзоб, дар доираи амалисозии Нақшаи мудофиаи граждании КҲФ барои соли 2020 кормандони Кумита дарсҳои омӯзиши аҳолиро ҳангоми офатҳои табиӣ роҳандозӣ мекунанд. Як рӯз пеш ба 83 нафар коркунони соҳаи маорифи ноҳия ба ин омӯзишҳо ҷалб шуданд ва мавзӯъи омӯзиш амал ҳангоми заминларза буд.
Сардори Раёсати КҲФ дар минтақаи Варзоб, подполковник Ф.Суюнов дар рафти омӯзиш хотиррасон кард, ки дар сурати ларзиши замин муаллимон вазифадоранд фаврану оҷилан хонандагонро аз синфхонаҳо ба ҳавои кушод, дар макони дуртар аз бино ва деворҳои мактаб баранд.
"Аммо дар хотир доред, ки ҳангоми зилзила шумо наметавонед лифтро истифода баред ё аз тариқи зинаҳо поён шавед, зеро маъмулан зинапояҳо дар навбати аввал вайрон мешаванд. Аз ин рӯ, бояд аввал интизор шуд, ки замин аз ларзиш бимонад, танҳо дар ҳамон сурат мешавад аз бинои бисёрошёна поин шуд”, - гуфт ӯ.
Корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба заминларза низ сухан гуфт. "Пеш аз ҳама, ҳатто пеш аз зилзила, нақшаи амалҳои худро дар вақти ларзиши замин бояд омода созед, то баъди ларзиш ба воҳима дода нашавед, балки оромона, вале фавриву ҷиддӣ амал намоед”, - гуфт ӯ.
Ҳамеша чароғаки ҷайбӣ, ашёи қиматбаҳо, ҳуҷҷатҳо ё нусхаҳои онҳо, пул, маҷмӯаи ёрии аввалияи шахсӣ, ғизо ва оби ошомиданӣ, либоси гарм омода бошад.
Хабар дода мешавад, ки чунин дарсҳо имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии минтақа баргузор мешаванд. Дар тӯли як моҳ кормандони бахши наҷот якҷо бо кормандони маркази таълимию методии КҲФ, лексияҳо ташкил мекунанд, ки дар рафти он онҳо дар бораи рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда дар муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин дарсҳо оид ба бехатарии ҳаёт барои кӯдакони томактабӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ маълумот медиҳанд.