Соати 05:36 дақиқаи имрӯз, 2-уми декабри соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила 148 километраи ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 10 км дуртар аз ноҳияи Дарвоз буд.
Ин манбаъ гуфт, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 балл буд. Аз талафоти ҷониву вайрониҳои гузориш нарасидааст.