Тибқи банди 4 Қарори Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020 баргузор мешавад.
Чунончӣ, 14 декабри соли 2020 дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда доир гардид.
Дар ҷаласаҳо раисони ноҳияҳо ширкат варзиданд, ки дар он ҳисоботҳо дар бораи омодагии хадамот ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, инчунин тайёрӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар баҳори соли 2021 шунида шуданд.